пурраҳуқуқ — [پرّه حقوق] комилҳуқуқ, соҳибихтиёр, дорои ҳуқуқҳои комил … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мукаммал — [مکمل] а 1. комил ва пурра шуда; комил, пурра; мукаммал кардан (намудан) пурра гардондан, комил кардан 2. такмил додашуда, илова ва дуруст шуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
такмил — [تکميل] а. пурра гардонидан, мукаммал кардан; такмили ихтисос боло бардоштани дараҷаи ихтисоси худ; такмил додан пурра кардан, мукаммал кардан; такмил ёфтан пурра шудан, мукаммал шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
балоғат — [بلاغت] а 1. расидагӣ, пухтагӣ, камолот, булуғ; балоғати ақлӣ камолоти ақлӣ; синни балоғат // ҳадди балоғат синну сол, ки баробари пурра шудани он ҳар як шахс шаҳрванди комилҳуқуқ ва камолёфта шинохта мешавад; ба балоғат расидан пурра шудани… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғафс — [غفس] 1. ҳар чизи ҷуссааш пурра ва қавӣ, ситабр, кулуфт; фарбеҳ, тановар; ғафсу ғӯла фарбеҳу қадпаст 2. калон дар қутр; муқоб. борик: арғамчини ғафс, ғӯлаи ғафс, занҷири ғафс, сими ғафс, сутуни ғафс, химчаи ғафс 3. калон дар захомат, захим;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
исбоғ — [اسباغ] а. кит 1. ба касе неъмати беқиёс додан 2. пурра ва комилан адо кардани коре; исбоғи вузӯ вузӯи пурра ба ҷо овардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кам — [کم] 1. андак; муқоб. зиёд, бисёр 2. ба нудрат, гоҳо, баъзан, гоҳ гоҳ; кам омадан, кам ёфт шудан; камаш на камтар аз…; ақаллан, ҳадди ақалл, ҳеҷ набошад; кам кам а) андакандак; як каме, камтар; кам кам хӯр, ҳар дам хӯр (зарб.); б) баъзан, гоҳо;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
куллӣ — [کلّي] 1. умумӣ 2. том, пурра, комил; кулливу ҷузъӣ а) асосӣ ва ғайриасосӣ (фаръӣ); ба куллӣ пурра, комилан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
моҳ — (маҳ) [ماه // مه] 1. радифи наздик тарини Замин, ки даври он мегардад ва аз акси нури Офтоб тобон аст, қамар; моҳи дуҳафта а) моҳи чордаҳ, бадр; б) киноя аз рӯи зебо, чеҳраи хушрӯи маҳбуба; моҳи мунир моҳи тобон, моҳи равшан; моҳи нав а) ҳилол;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нокоста — [ناکاسته] костанашуда, камнашуда, пурра; бенуқсон; моҳи нокоста а) моҳи шаби чордаҳ, моҳи пурра; б) кин. маҳбуба, маъшуқа … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ